Масъалаҳои паст намудани шиддати таъсири коронавируси нави COVID-19 ба соҳаи сайёҳӣ ва роҳҳои барқарорсозии соҳа 1 июн зимни видеоконфронс дар мавзӯи Консепсияи «Рӯ ба барқарорсозӣ», ки бо ташаббуси Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ баргузор гардид, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи рушди сайёҳӣ.
Дар кори видеоконфронс аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Ширин Амонзода иштирок намуд. Мавсуф зикр намуд, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистон Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавируси нави COVID-19 амал мекунад ва дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда сироятёбӣ ба ин вирус дар мамлакат то як андоза коҳиш ёфт.
«Зикр гардид, ки Кумитаи рушди сайёҳӣ ҷиҳати паст намудани шиддати таъсири COVID-19 ба соҳа пайваста бо ширкатҳои сайёҳӣ кор бурда истодааст. Инчунин тадбирҳо барои рушди сайёҳии дохилӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷалби сайёҳони хориҷӣ идома доранд», — илова намуд манбаъ.
Дар видеоконфронс Дабири кулли Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ, роҳбарони сохторҳои сайёҳии ҷумҳуриҳои Озарбойҷон, Ӯзбекистон, Гурҷистон, Қирғизистон, Арманистон, Беларус, Туркманистон ва Федератсияи Россия ширкат варзида, ҷонибҳо дар масъалаҳои паст намудани шиддати таъсири COVID-19 ба соҳаи сайёҳӣ, роҳҳои барқарорсозии соҳа баъди коронавируси нав, Консепсияи «Рӯ ба барқарорсозӣ», таҳлили ҳолат дар кишварҳои ҳамҷавор, ҳамкории байни сохтори марбутаи давлатҳо дар соҳаи сайёҳӣ ва нақшаи чорабиниҳои муштарак табодули афкор намуданд.
Ҷониби Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Беларус зикр намуданд, ки дар наздиктарин фурсат сарҳадҳои худро барои сайёҳон боз мекунанд ва сабукиҳо барои рушди соҳа ҷорӣ менамоянд. Барои таъмини саломатии сайёҳон дар сарҳадҳо долонҳои амниятӣ ташкил карда шуда, сайёҳон пас аз гузаронидани корҳои профилактикӣ ба кишвар ворид мегарданд.
Ҷониби Ӯзбекистон иттилоъ дод, ки барои нафароне, ки бори аввал дар соҳаи сайёҳӣ фаъолиятро шурӯъ мекунанд, (стартапҳо) имтиёзпулиҳо аз ҷониби ҳукумат пешниҳод мегарданд.
Инчунин ҷониби Арманистон ва Қазоқистон зикр намуданд, ки баъди тасдиқи қарор аз ҷониби ҳукумати кишварҳояшон сарҳадҳо барои сайёҳон кушода мешаванд ва пеш аз вуруд тавсияҳо оид ба нигаҳдории саломатӣ дода мешаванд.
Ҷонибҳо ташкили хатсайрҳои фосилавӣ (виртуалӣ)-ро тақозои замон ва саривақтӣ арзёбӣ карда, иброз доштанд, ки барои рушди минбаъдаи сайёҳӣ дар кишварҳои ҳамҷавор ташкили махзани ягонаи сайёҳӣ дар фазои маҷозӣ ва хатсайрҳои алоҳидаю муштараки фосилавӣ (виртуалӣ) муҳим мебошад.
Дар фарҷом тарафҳо барои ҳамкории судманд бобати пешбурди соҳаи сайёҳӣ ба тавофуқ расиданд.
АМИТ «Ховар»