8 сафири тозатаъин омодаанд, ки вориди «дарҳои боз»-и Тоҷикистон гарданд

dsc_2419.jpg

Имрӯз ба Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 8 сафири тозатаъйини кишварҳои Қазоқистон, Ҳиндустон, Ҷопон, Шоҳигарии Таиланд, Лаҳистон, Босния ва Гертсеговина, Чили ва Австралия эътимодномаҳои худро супориданд.
Дипломатҳои ин кишварҳо баъди супоридани эътимодномаҳо ба Роҳбари давлати Тоҷикистон дар назди хабарнигорон аз нақшаву ниятҳои хеш барои таҳким ва густариши ҳамкории кишварҳо андешаронӣ намуданд.
Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Қазоқистон Нурлан Сейтимов, аз ҷумла зикр намуд, ки: «Ман Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бовар кунонидам, ки дар оянда баҳри густариши ҳамкории дуҷонибаи Қазоқистону Тоҷикистон саҳми босазои худро мегузорам».
Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон Сомнатх Гҳош робитаҳои фарҳангии ҳарду кишварро дар сатҳи баланд арзёбӣ намуда, зикр кард, имсол 25-солагии муносибатҳои дипломатии ду кишварро  дар сатҳи зарурӣ ҷашн мегиранд. Дар доираи ин ҷашн рӯзҳои наздик як гурӯҳи фарҳангии Ҳиндустон ба Тоҷикистон ташриф меоранд.
«Мо имрӯз дар соҳаҳои гуногун ҳамкории стратегӣ ва шарикӣ дорем, хусусан дар самти сиёсат, иқтисодиёт, тандурустӣ, маориф, фарҳанг, рушди неруи инсонӣ, самти мубориза бар зидди терроризм, илму техника ва саёҳӣ.   Мардуми Ҳиндустон ба монанди сокинони Тоҷикистон  мардуми сулҳхоҳ мебошанд ва барои таъмин намудани суботи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва кишвари худ тамоми талошҳои заруриро ба харҷ дода истодаанд. Мо аллакай якчанд лоиҳаи грантиро дар Тоҷикистон, ба монанди Заводи коркарди мева, маркази маълумот ва технологияи иттилоотӣ  бо номи Маркази «Бедил» ва устохонаи муосири муҳандисиро амалӣ намудем ва дар оянда кӯшиш мекунам, ки ҳамкории мутақобилан судманди мо тамоми соҳаҳоро дар бар бигирад»,- илова намуд сафири Ҳиндустон дар Тоҷикистон.
Хаҷимэ Китаока, Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷопон иброз намуд, ки бори аввал ба кишвари Осиёи Марказӣ ташриф овардааст. Дар муддати кӯтоҳ таассуроти нек бардошта, аз табиати зебои кишвар ва таърихи бойи тоҷикон дар ҳайрат афтодааст. «Барои ман мояи ифтихор аст, ки дар чунин кишвари афсонавӣ ба ҳайси сафир интихоб гардидам. Кӯшиш мекунам, ки бо ҳар гӯшаи зебои ин кишвар ва мардуми меҳмоннавози он аз наздик шинос шавам. Тамоми қувваи худро дар рушди ҳамкории иқтисодӣ ба роҳ монам»,- зикр кард дипломати ҷопонӣ.
Сафири Шоҳигарии Таиланд Нат Пинёваттаначип изҳор намуд: «Ҳамчун сафир мехоҳам ба ҳамкории техникӣ, иқтисодию тиҷоратӣ ва кишоварзӣ эътибори хосса диҳам. Дар ҷодаи худтаъминкунии аҳолӣ бо маҳсулоти кишоварзӣ  кишвари Таиланд таҷрибаи бой дорад ва мехоҳам ин таҷриба дар кишвари Тоҷикистон низ амалӣ шавад».
Сафири Ҷумҳурии Лаҳистон Петр Ивашкевич ба хабарнигорон баён намуд, ки ҳарчанд қароргоҳаш дар шаҳри Тошканд аст, вале мекӯшад, ки дар бари мардуми  Тоҷикистон бошад ва барои таҳкими муносибатҳо саҳми худро гузорад.
Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Босния ва Гертсеговина Кемал Муфтич низ дар изҳороташ ба хабарнигорон иброз намуд, ки вазифаи онҳо хизмат расонидан ба мардум аст ва дар тӯли фаъолияташ  ҷаҳду талош мекунад, ки ин рисолаташро сарбаландона ба ҷо орад.
Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Чили Хуан Эдуардо Эгигурен низ дар назди хабарнигорон иброз дошт, ки тӯли фаъолияташ тамоми имкониятҳои мавҷудаи ҳамкориро истифода хоҳад кард.
Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Австралия Питер Мартин Теш чунин зикр кард: «Бодиққат суханони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи сиёсати «дарҳои боз»- ро гӯш кардам. Ҳарчанд Австралия аз Тоҷикистон аз лиҳози ҷуғрофӣ дар масоҳати хеле дур ҷойгир бошад ҳам, вале мо омодаем, ки вориди «дарҳои боз» гардем. Имрӯз муносибатҳои мо бо Тоҷикистон ба таври зарурӣ ба роҳ монда нашудааст. Ваъда медиҳам, ки барои ба сатҳи сифатан нав баровардани муносибот ва ҳамкории мутақобилан судманди кишвари худ бо Тоҷикистон саъю кӯшиш менамоям».

Амит "ХОВАР"

Tags: