«БЕХАТАРИИ ОБӢ-АСОСИ РУШДИ УСТУВОР». Дар Душанбе Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ доир мешавад

ТВТ. 20.08.2022. Бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» ва 20-солагии таъсиси Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 5 – 6 октябри соли 2022 дар Душанбе Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Бехатарии обӣ – асоси рушди устувор» баргузор мешавад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон.

Ҳадафи асосии конференсия — мусоидат намудан дар ҳалли мушкилоти бехатарии обӣ, таъмини рушди устувор дар соҳаи истифодаи оқилонаи захираҳои об дар шароити тағйирёбии иқлим, ҳифз ва истифодаи объектҳои обӣ ва гидроэнергетикаву манбаъҳои аз нигоҳи экологӣ тозаи энергия тавассути тавсеаи ҳамкорӣ, табодули иттилоот, дониш ва таҷриба маҳсуб мешавад.

Барои иштирок дар кори конференсия олимону коршиносони соҳаҳои захираҳои об, иншооти гидротехникӣ, гидрометеорология, гидроэнергетика, экология, бехатарии ҳаёт ва ҳолатҳои фавқулода, инчунин аспирантҳо, докторантҳо (PhD) ва магистрҳо даъват мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки 21 декабри соли 2016 Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид қатънома дар бораи қабули Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028-ро қабул намуд. Он аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод гардид.

Қатъномаи мазкур, пеш аз ҳама, ба ҳалли масъалаҳои умумибашарӣ, аз қабили ивазшавии қабати озонӣ ва тағйирёбии иқлими сайёра, таъминоти аҳолии кураи Замин бо оби нӯшокӣ, истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ ва ҳолати экологии муҳити зист бахшида шуда, ба ҷомеаи ҷаҳонӣ бори дигар барои кам кардани исрофи об, истифодаи оқилона ва ҳифзи захираҳои обӣ, таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти озуқаворӣ, истеҳсоли неруи барқ, низоми экологӣ ва рушди устувори инсонӣ ҳушдор медиҳад.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Tags: