Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Роштқалъа бинои Раёсати молияро мавриди истифода қарор доданд

28 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар ноҳияи Роштқалъа бинои Раёсати молияро мавриди истифода қарор доданд.

Иншооти мазкур дар масоҳати умумии 720 метри мураббаъ доман густурда, масоҳати зери бино 610 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Аз ҷиҳати сохт ва тарҳи лоиҳавӣ бинои Раёсати молия бисёр зебо буда, аз ду ошёна ва таҳхона иборат аст. Бинои нав аз шуъбаҳои корӣ, китобхона, маҷлисгоҳ ва бойгонӣ иборат буда, барои кормандон шароити хуби фаъолият фароҳам гардидааст.

Иншооти мазкур аз ҳисоби маблағҳои ҷумҳуриявӣ бунёд гардида, пудратчии сохтмон Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ваҳдат ЛТД» мебошад.

Атрофи бино бо гулу буттаҳо ва ниҳолҳои ҳамешасабзу ороишӣ зинат дода шудааст. Намои берунаи бино мувофиқ ба талаботи замони муосир оро дода шуда, қомат афрохтани он ба ҳусни маркази ноҳия зебоии дигар зам мекунад.

Аснои шиносоӣ бо шароити корӣ ва суҳбат бо молиячиёни ноҳияи Роштқалъа, Пешвои муаззами миллат дастур доданд, ки ҷиҳати беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонӣ ва сари вақт пардохт кардани маоши кормандони буҷавӣ масъулияти зиёдтар ҳис кунанд ва дар баланд бардоштани иқтисодиёти кишвар саҳми муносиб гузоранд.

Мавриди ёдоварист, ки то имрӯз кормандони молияи ноҳияи Роштқалъа дар бинои кӯҳна фаъолият доштанд, ки шароити хуб надошт. Барои фароҳам овардани имконияти муосир масъулини Раёсати молияи ноҳия ба Ҳукумати кишвар, махсусан ба Пешвои муаззами миллат изҳори сипосу минатдорӣ намуда, ваъда доданд, ки тамоми донишу малакаи худро ба пешрафт ва рушди иқтисодиёти мамлакат равона мекунанд.

АМИТ «Ховар»

Tags: