Паҳлавони тоҷик Комроншоҳи Устопириён аз намуди дзюдо дар мусобиқаи байналмилалии «Grand-Prix Antalya 2017», ки аз 7 то 9 апрел дар шаҳри Анталияи Туркия баргузор шуд, мақоми дуюмро соҳиб шуда, бо медали нуқра сарфароз гардид.
Дар ин мусобиқа паҳлавонон аз 34 кишвари ҷаҳон бо ҳузури 252 нафар варзишгар (155 мард ва 97 зан) иштирок карданд. Ҳайати мунтахаби Тоҷикистонро се паҳлавон дар ин рақобатҳо муаррифӣ карданд; Хаёмиддин Ҷабборов (-73 кг), Комроншоҳи Устопириён (-90 кг) ва Саидҷалол Саидов (-100 кг).
Комроншоҳи Устопириён дар рақобатҳо дар вазни то 90 кило ҳунарнамоӣ карда, дар даври аввал озод буд ва баъдан дар ду қувваозмоӣ бар рақибонаш Батуҳан Ефемгил аз Туркия ва Ҳае Ҷо Ҷунг аз Кореяи Ҷанубӣ дастболо гардида, ба вохӯрии нимфиналӣ роҳхат гирифт. Дар ин даври қувваозмоӣ паҳлавони кишварамон -Комроншоҳ Магомед Магомедови русиягиро шикаст дода, вориди рақобати финалӣ гардид ва аз гӯштингири муғул Алтанбагана Гантулга мағлуб гашт ва мақоми дуюмро соҳиб шуд.
Дар вазни то 73 килограмм паҳлавони дигари тоҷик Хаёмиддин Ҷабборов дар нахустин қувваозмоияш бар Куштрим Гашӣ аз Косово ғолиб омад ва дар даври баъдӣ аз Тоҳар Бутбул аз Туркия мағлуб гашт. Саидҷалол Саидов дар вазни то 100 кило дар даври аввал озод буд ва дар даври дуюм аз Ниёз Илёсови русиягӣ мағлуб гардид.
Дар ҳисоби умумидаставӣ паҳлавонони Россия бо касби 9 медал (4 тилло ва 9 биринҷӣ) мақоми аввалро аз худ карданд. Мунтахаби Қазоқистон бо 6 медал (2 тилло, 2 нуқра ва 2 биринҷӣ) дуюм шуд ва гӯштингирони Косово бо 2 медали тилло дар ҷойи сеюм қарор гирифтанд. Як медали нуқраи Комроншоҳи Устопириён дастаи мунтахаби Тоҷикистонро байни 34 кишвар ба мақоми 13-ум баровард.
АМИТ "Ховар"