Рақиби чемпиони Тоҷикистон оид ба футбол- дастаи «Истиқлол»-и Душанбе дар марҳилаи финалии байниминтақавӣ дар доираи Ҷоми КФО муайян гардид.
«Дар ин марҳила дастпарварони Муҳсин Муҳаммадиев бо дастаи «Бенгалуру»-и Ҳиндустон вориди майдон хоҳанд шуд»,- хабар медиҳад Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Вохӯрии аввал 27 сентябр дар Тоҷикистон ва бозии ҷавобӣ 18 октябр дар Ҳиндустон баргузор мегарданд.
АМИТ "Ховар"