Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе, қаҳрамони Тоҷикистон, дар даври ниманиҳоии байниминтақавии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) бо «Серес»-и Филиппин рақобат мекунад. Рақиби “Истиқлол” баъди пирӯзии «Серес» дар финали мусобиқа аз рӯи натиҷаи ду бозӣ бар «Хоум Юнайтед»-и Сингапур (2:0 ва 1:2) рӯзи 9-уми август маълум шуд.
Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар бозии аввали ниманиҳоии байниминтақавии Ҷоми КФО «Истиқлол» 22-юми август дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор бо «Серес» рӯ ба рӯ хоҳад шуд. Бозии ҷавобӣ 12-уми сентябр дар шаҳри Баколоди Филиппин барпо мегардад.
Дар мавриди ба даври баъдии Ҷоми КФО роҳ ёфтан, қаҳрамони Тоҷикистон дар финали байниминтақавӣ бо ғолиби ҷуфти «Бенгалуру» (Ҳиндустон) – «25 апрел» (Кореяи Шимолӣ) рақобат мекунад. Бозиҳои финали - байниминтақавӣ 27-уми сентябр ва 18-уми октябр баргузор мешаванд.
ТВ Варзиш