Бозиҳои даври 23-юми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ 3 ноябри сол равон дубора оғоз мешаванд, иттилоъ дод шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Дар робита ба омодагии дастаи мунтахаби ҷавонони то 23-солаи Тоҷикистон ба мусобиқаи муқаддамотии Ҷоми Осиё-2022 дар гурӯҳи «В» панҷ бозии даври 23-юми Лигаи олии футболи Тоҷикистон, ки бояд 15-16 октябри имсол баргузор мегардид, ба таъхир гузошта шуд. Бозии мавқуфмондаи марҳилаи ¼-ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2021 миёни дастаҳои футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе ва «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ 15 октябр дар назар аст. Вохӯрии дастаҳо дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе соати 16:00 оғоз мегардад,
Ҳамин тавр, бозиҳои Лигаи олии Тоҷикистон-2021 бо бозиҳои даври 24-ум 3 ноябр доир мешаванд. Аз 25 октябр то 2 ноябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бозиҳои марҳилаи гурӯҳҳои «В» ва «G» -и мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонони то 23-сола баргузор мегарданд.
Чанд рӯз пеш бозиҳои даври 22-юми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ дар варзишгоҳҳои мамлакат хеле ҷолиб баргузор гардида буданд. Дар ин давр дастаҳои футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб бо «Душанбе»-и шаҳри Душанбе, «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ бо «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд, «Хатлон»-и шаҳри Бохтар бо Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан, «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ бо КМВА-и шаҳри Душанбе ва «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе бо «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд миёни ҳам рақобат карданд.
Пас аз натиҷагирии 22 даври бозиҳо мисли пеш дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Истиқлол пешсаф аст. Ин даста дар ихтиёр 52 хол дорад. Дастаи футболи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд бо 10 хол камтар (42) дар ҷои дуюм аст. КМВА, ки холҳояш ба 36 расид, мавқеашро барои медалҳои биринҷӣ мустаҳкамтар кард.
АМИТ «Ховар»