Шоҳмотбози ҷавону шинохтаи тоҷик Сабрина Абророва дар Чемпионати Осиёи Ғарбӣ оид ба шоҳмот миёни наврасон медали дуюми нуқраро ба даст овард. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони ҚУРБОН бо истинод ба намояндаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Умаралӣ Сафаралӣ хабар медиҳад.
Тибқи иттилои манбаъ, мусобиқа дар шаҳри Деҳлии Ҳиндустон аз рӯи равияҳои шоҳмоти классикӣ, рапид ва блитс 10 сентябр ба анҷом расид. Ин бор Сабрина миёни духтарони то 14-сола дар равияи шоҳмоти классикӣ ҷои дуюмро ишғол кард.
Сабрина дар 9 давр бо 6 ғалаба бар намояндагони Ҳиндустон (4 нафар), Ӯзбекистон ва Шри Ланка, 2 мусовӣ бо намояндагони Ҳиндустон ва 1 бохт бар намояндаи Ҳиндустон сазовори 7 хол гардид. Ҷойҳои якуму сеюмро варзишгарони Ҳиндустон ишғол намуданд.
Сабрина Абророва дар рӯзи аввали мусобиқот дар равияи рапид (босуръат) низ медали нуқра ба даст оварда буд, аммо дар равияи блитс, ки дар рӯзи охири мусобиқа доир гашт, пас аз 4 ғалаба, 3 мусовӣ ва 2 бохт дар 9 давр бо 5,5 хол ҷои 11-умро ишғол кард. Дар ин равия ҷойҳои якуму сеюмро намояндагони Ҳиндустон, ҷои дуюмро намояндаи Ӯзбекистон ба даст оварданд. Ҳамин тариқ, дар чемпионати Осиёи Ғарбӣ миёни наврасон, ки бо иштироки 336 шоҳмотбоз аз 10 давлат — Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ҳиндустон, АМА, Бангладеш, Непал, Шри Ланка ва Эрон аз рӯи 8 синн ҷараён гирифт, дар ҷадвали ҳисоби медалҳо Ҳиндустон бо 116 медал (42 тилло, 37 нуқра, 37 биринҷӣ) ҷои аввалро ишғол кард.
Ӯзбекистон бо 6 медал (2-1-3) ҷои дуюм, Қазоқистон бо 3 медал (0-2-1) ҷои сеюмро сазовор шуданд. Тоҷикистон бо 2 медали нуқра дар мақоми 4-ум мавқеъ гирифт. Дар маҷмӯъ, дар ин мусобиқа намояндагони 8 давлат медал ба даст оварданд.
Ёдовар мешавем, ки Сабрина дар 5-умин Бозиҳои ҷаҳонии наврасон (World Junior Compatriot Games), ки 1-5 июни соли равон дар шаҳри Ханти-Мансийски Федератсияи Россия баргузор шуда буд, сазовори ду медал – 1 тилло ва 1 нуқра гардида буд.
АМИТ «Ховар»