Голи нимҳимоятгари дастаи мунтахаби Тоҷикистон Эҳсони Панҷшанбе дар даври дуюми Суперлигаи Ӯзбекистон-2021 дар бозӣ бо дастаи Локомотив» бо ҳисоби 2:1 ба дастаи «Навбаҳор»-и Намангони Ӯзбекистон пирӯзӣ овард. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Ин футболбози шинохтаи тоҷик дар дақиқаи 63-юм вориди бозӣ шуда, дар дақиқаи 75-ум ба задани гол муваффақ шуд. Ин нахустин голи Эҳсони Панҷшанбе дар дастаи наваш ба шумор меравад.
Хотиррасон мекунем, ки дар даври якуми Суперлигаи Ӯзбекистон дастаи футболи «Навбаҳор» аз дастаи «Суғдиён» бо натиҷаи 1:0 дучори бохт шуда буд. Ҳоло дастаи Эҳсони Панҷшанбе бо касби 3 хол дар зинаи 8-уми ҷадвал қарор дорад.
АМИТ «Ховар»