«Бонувон-эҳёгару идомабахши фарҳанги миллии ниёгон»-ҳамоиш дар ноҳияи Нуробод

Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо иштироки занону духтарони фаъоли ноҳия таҳти унвони «Бонувон-эҳёгару идомабахши фарҳанги миллии ниёгон» ҳамоиш баргузор гардид. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар»  мудири бахши кор бо занон ва оилаи ноҳияи Нуробод Шаҳнозаи Шукрихудо иттилоъ дод.

Дар ҷамъомад бонувони гуногункасб иброз намуданд, ки дастгирию ғамхориҳои пайвастаи  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон онҳоро водор месозад, ки барои аз нав эҳё кардани ҳунару анъанаҳои хосси занони ноҳия саъю кӯшиши худро равона созанд. Занони фаъол изҳор намуданд, ки барои рушди ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили санъати чакандӯзӣ, қарамадӯзӣ, гулдӯзӣ, тоқидӯзӣ, шерозбофӣ ва дигар ҳунарҳо саҳм гузошта, Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамоянд.

Мудири бахши кор бо занон ва оилаи ноҳия Шаҳнозаи Шукрихудо зикр намуд, ки бо мақсади ҷалби бештари занони хонанишин ба кор, соли сипаригашта аз тарафи шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳия дар ҷамоатҳои деҳоти Сафедчашма ва шаҳраки Дарбанд курсҳои  омӯзишии қолинбофӣ ва адрасбофии дастӣ ташкил карда шуданд. Дар онҳо зиёда аз 80 нафар занону духтарони хонанишин  соҳиби касб ва 8 нафар занони бекор бо шуғли доимӣ таъмин гардиданд.

Инчунин дар Муассисаи давлатии Маркази таълимии касбомӯзии ноҳия 524 нафар занон бо ихтисосҳои «Ошпаз», «Бофанда» (адрасбоф), «Гулдӯз», «Фермер-соҳибкор»  ба омӯзиш ҷалб гардидаанд.

То имрӯз аз ҳисоби хатмкардагони касби дӯзандагӣ 188 нафар бону дар ҳудуди ноҳия ба кори хонагии  дӯхтани либосҳои занона машғул мебошанд.

АМИТ "Ховар"

Tags: