Раиси иҷроияи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон доктор Абдулло Абдулло дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошт

Раиси иҷроияи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон доктор Абдулло Абдулло имрӯз дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба майдони «Дӯстӣ»-и шаҳри Душанбе ташриф овард.

Раиси иҷроияи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон доктор Абдулло Абдулло ҳамчун рамзи эҳтиром ба фарҳангу тамаддуни миллати тоҷик дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошт.

Дар ин маросим Раиси иҷроияи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон доктор Абдулло Абдуллоро аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамроҳӣ намуданд.

Ёдовар мешавем, ки дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси иҷроияи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон доктор Абдулло Абдулло бо Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ва Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода мулоқот анҷом дод.

Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва Раиси иҷроияи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон доктор Абдулло Абдулло маросими имзои санадҳои дуҷониба  доир гардид.

Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва Раиси иҷроияи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон доктор Абдулло Абдулло оид ба натиҷаҳои мулоқоту музокироти сатҳи баланд барои доираи васеи хабарнигорони дохил ва хориҷ нишасти матбуотӣ доир намуданд

Раиси иҷроияи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон доктор Абдулло Абдулло инчунин 20 июн дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» иштирок ва суханронӣ кард.

АМИТ "Ховар"

Tags: