Муовини Сарвазири мамлакат Ширин Исматуллозода бо мақсади шиносоӣ бо вазъи соҳаи тандурустӣ ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба сафари навбатии корӣ баромад

Аз 7 августи соли ҷорӣ дар асоси  дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва қарори дахлдори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронавируси COVID-2019, муовини Сарвазири мамлакат Ширин Исматуллозода бо мақсади шиносоӣ ва назорати масъалаҳои соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, инчунин таҳлили  ҳолати воқеии  пешгирӣ ва табобати беморони сирояти нави коронавирус ва дар ин замина гузаронидани корҳои фаҳмондидиҳӣ ба   шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба сафари навбатии корӣ  баромад.

Хабарнигори АМИТ «Ховар»  иттилоъ медиҳад, ки сафари корӣ аз минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон оғоз гардида, зимни он мавриди назорат, омӯзиш ва бартараф намудани мушиколоту норасоиҳои ҷойдошта, инчунин баррасӣ намудани як зумра масъалаҳои аз рӯи нақшаи таҳрезишуда ба миён гузошта шудаанд. Аз ҷумла, зимни ин сафар  масоили  вобаста ба таъмини фаъолияти самараноки беморхонаҳо, муассисаи КАТС (Маркази саломатии ноҳия/шаҳрӣ, Маркази саломатии деҳот, Бунгоҳи саломатӣ) бо иқтидори кофии кадрӣ дар реҷаи муайяншуда ташкили навбатдории шабонаи мутахассисони соҳавӣ, ҳисоботи оморӣ, дурустӣ ва саҳеҳияти пешниҳоди онҳо; доир ба раванди табобати беморони дар шуъбаҳои сироятӣ ва наҷот ва таҳти  назорати амбулаторӣ қарордошта, таъминот бо доруворӣ (захираи маводи доруворӣ); санҷиши риояи талаботҳои низоми санитарию эпидемиологӣ дар муассиса (мавҷуд будани даромадгоҳи алоҳида барои беморони дорои ҳарорати баланд, реҷаи хлор, мавҷудияти изолятор, маҳлули безараргардонӣ, ҳолати берунаи муассиса, реҷаи тозагӣ ва ғайра); таъмини маҷмӯи маводои муҳофизатии инфиродӣ, лавҳаҳо, баннерҳои алоқаманд; сатҳи дониши кормандон ва бозомӯзии онҳо оид ба алгоритми муоина, ташхис ва табобати бемории коронавирус ва  гайра мавриди таваҷҷуҳ ва баррасӣ қарор мегиранд.

Ёдовар мешавем, ки бо мақсади аз наздик мавриди омӯзиш қарор додан ва сари вақт ҳаллу фасл намудани камбудию мушкилоти ҷойдошта дар ин самт, аз санаи 6 августи соли 2020 дар 5 минтақаҳои ҷумҳурӣ фаъолияти гурӯҳҳои корӣ аз ҳисоби кормандони дахлдори соҳаи тандурустии ҷумҳурӣ оғоз гардида, назорати мунтазами кории онҳо аз ҷониби муовини Сарвазири мамлакат таъмин карда мешавад.

Сафари корӣ дар давоми моҳи августи соли равон дар дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ низ идома дода мешавад.

АМИТ «Ховар»

Tags: