Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Маркази таълимӣ-машваратии «Дурахшон» ифтитоҳ гардид.
Марказ ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи тайёрии таҳсили умумии насли наврас ва ҷавон, тайёр намудани онҳо барои дохил шудан ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, баланд бардоштани сатҳи забондонии хоҳишмандон, пешниҳоди машваратҳои таълимӣ ва равоншиносӣ ташкил гардидааст.
Маркази таълимӣ-машваратии «Дурахшон» барои омӯзиши фанҳои алоҳида, омодагӣ ҷиҳати дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ тавассути имтиҳонҳои марказонидашудаи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва даврҳои забономӯзӣ ташкил гардида, дар асоси муроҷиат ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ машварат ва хулосаҳои равоншиносӣ низ медиҳад.
Бахши тайёрии маркази таълимӣ-машваратии «Дурахшон» аз рӯи 5 кластер: «Табиӣ ва техникӣ», «Иқтисод ва география», «Филология, педагогика ва санъат», «Ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқ», «Тиб, биология ва варзиш» фаъолият дошта, дарсҳо дар даврҳои тайёрӣ аз моҳи октябр то моҳи июн идома меёбанд.
Ба даври тайёрӣ шахсони дорои таҳсилоти умумӣ, инчунин хонандагони синфи 11-уми мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ қабул мешаванд.
Чунин марказ бо тарҳи наву замонавӣ ва имконот ҷиҳати таълиму тадрис дар шаҳр ягона