Барқияи табрикии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Франсия Франсуа Жерар Жорж Олланд

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Франсия Франсуа Жерар Жорж Олланд барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Бо камоли хушнудӣ Шуморо ба муносибати 25-мин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Франсия самимона табрику таҳният мегӯям.

Мо аз он қаноатмандем, ки тӯли ин солҳо муносибатҳои байнидавлатӣ ва ҳамкории гуногунарсаи судманди кишварҳоямон ба таври муассир густариш ёфта, тобишҳои ҷадиду созанда пайдо кардаанд.

Тоҷикистон густариши ҳамкориҳоро бо Франсия яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии худ медонад. Аз ин рӯ, мо ба рушди муносибатҳои худ бо кишвари Шумо таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоем ва ҷонибдори инкишофу нумӯи ҳар чи бештари онҳо дар соҳаҳои мухталифи мавриди таваҷҷуҳи тарафайн ҳастем. Итминон дорем, ки тавассути кӯшишҳои якҷоя сатҳи ҳамкориҳо дар бахшҳои сиёсӣ, амниятӣ, тиҷоративу иқтисодӣ ва гуманитариву фарҳангӣ ба пояҳои баландтар бардошта хоҳанд шуд.

Бо истифода аз фурсат, ба Шумо, ҷаноби Президент, саломатии комил ва комёбиҳои навин ва ба мардуми дӯсти Франсия амну амонӣ, саодат ва пешравиҳо таманно дорам».​

www.president.tj