Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар мубоҳисаҳои умумии Иҷлосияи 72-юми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк аз душвориҳои сахту сангине, ки мардуми тоҷик дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ паси сар намуд ва дар натиҷаи ҷанги дохилии таҳмилӣ даҳҳо ҳазор нафар шаҳрвандони кишварамон қурбон шуданд, ёдовар шуда, изҳор намуданд, ки «Мо, тоҷикон, қадри сулҳ ва зарурати ҳифзи онро амиқ дарк мекунем».
Ҳамзамон Сарвари давлат дар суханронӣ изҳор намуданд, ки маҳз ба шарофати истиқрори сулҳу субот дар ҷомеа мо тавонистем ба рушди бемайлони иҷтимоиву иқтисодӣ, коҳиш додани нишондиҳандаҳои камбизоатӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум ноил гардем.
Вобаста ба ин Пешвои миллат бори дигар изҳор доштанд, ки сулҳу субот гарави таъмин гардидани рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, ҳаёти сазовору осоиштаи мардум, эҷоди шароити мусоид барои тавсеаи ҷомеаи шаҳрвандӣ ва риояву ҳифзи ҳуқуқи инсон дар ҳар як кишвари узви Созмони Милал ба ҳисоб меравад.
Дар ин радиф Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкории гуногунҷанбаву судмандро бо кишварҳои мухталифи олам густариш дода, ҷиҳати таъмини ҳамгироии минтақавӣ тадбирҳои зарурӣ меандешад.