Барқияи табрикии Президенти Ҷумҳурии Франсия Франсуа Жерар Жорж Олланд ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Франсия Франсуа Жерар Жорж Олланд ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла омадааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Сеюми март биступанҷумин солгарди таъсисёбии муносибатҳои дипломатии Фаронсаю Тоҷикистон кайд карда мешавад.

Фаронса ҳамеша барои истиқлолият ва соҳибихтиёрии Тоҷикистон кушишҳои зиёд мекард. Вобаста ба ин, ман аз он хурсандам, ки дар тулли ин бисту панҷ сол байни кишварҳои мо муносибатҳои устувори сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ таъсис дода шуданд.

Ман фаромуш намекунам, ки Тоҷикистон низомиёни ҳавоии фаронсавиро, ки барои осоиштагии Афғонистон фаъолият доштанд, дар замини худ пазируфт.

Ман умедвори рушд ва боз ҳам устувор будани робитаҳои биступаҷсолаи дустонаамон ҳастам.

Фурсатро ҷиҳати таҷдиди гояти эҳтироми Шумо ганимат мешуморам».

www.president.tj