Дар Қасри Раштрапати Бҳаван Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Пранаб Кумар Мукерҷӣ мулоқот намуданд.
Қабл аз баррасии масоили ҳамкорӣ дар маросими хоси истиқболи меҳмони олимақом сурудҳои миллии ҳар ду кишвар садо дода, сарони давлатҳо бо ҳайатҳои расмии ҳукуматҳо шинос шуданд.
Сипас дар суҳбати самимии дӯстона вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои байнидавлатии Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ шуд.
Ҷонибҳо аз ҷумла оид ба масоили ҳузури иқтисодии Ҳиндустон дар Тоҷикистон, тақвияти муносибатҳо дар соҳаҳои сармоягузорӣ, энергетика, маорифу фарҳанг ва ҳамкориҳои ҳарбӣ техникӣ табодули афкор намуданд.
Ҷалби сармояи Ҳиндустон дар татбиқи лоиҳаҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон, бо дарназардошти манфиати онҳо ба иқтисодиёти Афғонистону Ҳиндустон ва фароҳам овардани шароиту имконоти мусоиди нақлиётию транзитӣ дар байни кишварҳои минтақа иқдоми муҳим дар рушду тавсеаи робитаҳои байнидавлатӣ арзёбӣ гардида, ҷиҳати иштироки муштарак дар татбиқи лоиҳаҳои бузурги минтақавии нақлиёту инфрасохторӣ ва дигар лоиҳаҳои барои Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ҳаётан муҳим фикру мулоҳизаҳои судманд баён карда шуд.
Сарони давлатҳо аз сатҳу муҳтавои ҳамкориҳои ҳарбӣ-техникӣ, аз ҷумла дар самти омода намудани кадрҳои низомӣ ва иштирок дар беҳдошти инфрасохтори ҳарбии Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ карда, барои идомаи манфиатбори ҳамкориҳо дар соҳаҳои фарҳангу маориф ва технологияҳои иттилоотӣ ҳавасмандии зиёд зоҳир намуданд.
Дар мулоқот ҳамзамон масоили марбут ба ҳамгироии Тоҷикистону Ҳиндустон дар доираи ташкилоту созмонҳои бузурги минтақавию байналмилалӣ ба мисли СММ ва Созмони ҳамкории Шанхай ва рушду тавсеаи муштарокоти дуҷониба дар мубориза бар зидди зуҳуроти номатлуби минтақа ва ҷаҳон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Дар анҷом Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Пранаб Кумар Мукерҷӣ даъват ба амал оварданд, ки дар фурсати барояшон муносиб бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф биоранд. Даъват бо изҳори хушнудӣ пазируфта шуда, таъкид гардид, ки вақти сафар тариқи муколамаҳои дипломатӣ муайян карда мешавад.