Боздиди Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз Осорхонаи давлатии таърихи Ҷанги Бузурги Ватанӣ
Опубликовано сб, 02/12/2017 - 08:02 пользователем tvt
Нимаи дуюми рӯзи 1 декабр дар доираи сафари корӣ дар Ҷумҳурии Беларус дар шаҳри Минск Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Осорхонаи давлатии таърихи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ташриф оварданд.


1 декабри соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус бо Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко мулоқот намуданд.
Дар пойтахт 11 декабри соли равон иҷлосияи сенздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷум даъват карда мешавад. Дар ҷараёни кори он муҳокимаи 6 масъала дар назар дошта шудааст.