Полиси Миср ду ҳамлаи террористонро пешгирӣ кард
Опубликовано вт, 28/11/2017 - 10:56 пользователем tvtРӯзи душанбе неруҳои Миср ҳамлаҳои террористонро ба гузаргоҳҳо дар шимоли нимҷазираи Сино пешгирӣ намуда, се ҳамлагари ифротиро нобуд карданд. Дар ин бора шабакаи телевизиони «Sky News Arabia» гузориш дод.
Бино ба гузориши шабакаи телевизионӣ, ифротгароён кӯшиш намудаанд, ки дар як вақт ба ду гузаргоҳи вазорати корҳои дохилӣ, воқеъ дар наздикии шаҳри Ал-Ариш ҳамла намоянд.


Шоми 24 ноябр дар Маркази фарҳангии Макаои Ҷумҳурии Мардумии Чин барномаи консертии ансамбли «Дилнавоз»-и шаҳри Хуҷанд ба таври зинда ва дар сатҳи баланди касбӣ баргузор гардид. Барномаро саҳнае, ки мониторҳои он бо ангораву нақшу нигори миллии тоҷикӣ ороиш ёфта буд, ҷолибтару рангинтар намуд.