Дар ноҳияи Дарвоз Маркази тавонбахшӣ дари худро ба рӯи кӯдакони имконияташ маҳдуд боз кард

Бо дастгирии созмонҳои Иттиҳоди Аврупо ва Миссияи Шарқ яке аз биноҳои бекормонда дар маркази ноҳияи Дарвоз таъмир карда шуда, дар ихтиери кудакони имконияташ маҳдуд гузошта шуд. Намояндаи созмони Миссияи Шарқ Худоназар Ҳоҷимамадов гуфт, ки мақомоти маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳия як биноро барои Марказ тавонбахшӣ ҷудо карданд ва бо харҷи беш аз 10 ҳазор сомонӣ ин бино таъмир гардид. Маркази мазкур аз асбобу анҷоми зарурӣ таъмин карда шуд. Дар ин ноҳия беш аз 100 нафар кудакони имконияташ маҳдуд зиндагӣ мекунанд ва ин нахустин Маркази тавонбахшӣ ба шумор меравад. Дар  деҳаи Сангевни ҳамин ноҳия барои волидоне, ки кудаконашон имконияти маҳдуд доранд, Гушаи волидон таъсис дода шуд. Дар оянда  чунин гушаҳо дар дигар  ҷамоатҳои деҳоти ноҳия таъсис хоҳанд ёфт.

Раиси ноҳия Абдураҳмонзода Саидбурҳон ҳангоми ифтитоҳи маркази мазкур гуфт, ки кудакони имконияташ маҳдуд набояд дар ҷомеа худро заифу танҳо эҳсос кунанд.Дар ин марказ ҳамаи шароит барои кудакон омода шудааст. Дар баробари баланд бардоштани ҳунару  истеъдоди худ ҳамчунин кудакон ба табобат фаро гирифта мешаванд. Мақомоти маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳия барои боло бурдани сатҳи таълим ва табобати ин кудакон минбаъд низ ҳамкории худро бо ин марказ идома медиҳад.

АМИТ "Ховар"