Сироҷидин Аслов дар ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои СҲИ иштирок дорад

13  декабри соли 2017 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов дар ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ, ки дар шаҳри Истанбули Ҷумҳурии Туркия таҳти унвони «Амали ягона баҳри ҳамбастагӣ бо Байтулмуқаддас» баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуд.

Зимни суханронӣ Вазири корҳои хориҷӣ ба зарурати ҳалли мусолиматомези қазияи Фаластин ва Исроил даъват ба амал оварда, ба мавқеи собити кишвар дар мавриди мақоми шаҳри Байтулмуқаддас бар асоси қарорҳои байналмилалӣ таъкид намуд.