Хабар

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Имрӯз дар бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Самтҳои нави сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити таҳаввулёбандаи ҷаҳон

Сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати «дарҳои боз» буда, имрӯз кишвари мо бо тамоми давлатҳои ҷаҳон ҳамкории хубу  ягона ва мутақобилан судманд ба роҳ мондааст.

Полиси Миср ду ҳамлаи террористонро пешгирӣ кард

Рӯзи душанбе неруҳои Миср ҳамлаҳои террористонро ба гузаргоҳҳо дар шимоли нимҷазираи Сино пешгирӣ намуда, се ҳамлагари ифротиро нобуд карданд. Дар ин бора шабакаи телевизиони «Sky News Arabia» гузориш дод.

Бино ба гузориши шабакаи телевизионӣ, ифротгароён кӯшиш намудаанд, ки дар як вақт ба ду гузаргоҳи вазорати корҳои дохилӣ, воқеъ дар наздикии шаҳри Ал-Ариш ҳамла намоянд.

Страницы