Ҳангоми баргузории шоу-барномаи идона ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар хиёбони Рӯдакӣ манъ карда мешавад

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе  ба таваҷҷуҳи ронандагон   ва сокинону меҳмонони пойтахт мерасонад, ки 31 декабри соли 2017, аз соати 19:30 то 22:00 ҳаракати воситаҳои нақлиёти автомобилӣ дар хиёбони Рӯдакӣ  манъ карда  мешавад.

Тавре  аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе  хабар доданд,  ин амал бо мақсади  баргузории шоу-барномаи идона бахшида ба таҷлили Соли нави мелодии 2018   ба роҳ монда шудааст.

Тибқи қарори Раиси шаҳри Душанбе Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ҷиҳати таъмини ҳаракати воситаҳои нақлиёти автомобилӣ дар кӯчаҳои ҳамшафати макони баргузории чорабиниҳои идона ва бехатарии ҳаракати шаҳрвандон вазифадор гардидааст.

АМИТ "Ховар"

Tags: