Хабар

Сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати анҷоми сафари корӣ ва иштирок дар ҷаласаи навбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ба шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус сафар карданд.

Дар водии Язғуломи ноҳияи Ванҷ боз як неругоҳи хурди барқӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад

Дар  ҷамоати Язғуломи ноҳияи Ванҷ рӯзҳои наздик боз як неругоҳи хурди барқӣ ба истифода дода мешавад. Соли равон ин дуюмин неругоҳи хурди барқист, ки мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад. Баҳори имсол дар деҳаи Андарбаки ин ҷамоат баъди як соли корҳои навсозӣ неругоҳи хурди барқӣ бо иқтидори 300 квт-соат  ба кор андохта шуд ва нисфи маскунони водии Язғулом ба неруи барқӣ дастрасии комил пайдо намуданд.

Дастаи «Панҷшер» дар лигаи олӣ боқӣ мемонад

Дастаи  футболи «Панҷшер»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, ки дар бозии ҷавобии гузариш дастаи футболи «Эсхата»-и шаҳри Хуҷандро дар майдони худ бо ҳисоби 3:2 шикаст дод, мавқеашро дар лигаи олии футболи Тоҷикистон дар соли оянда нигаҳ дошт.

Страницы