Хабар

Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористӣ дар Миср ба 305 нафар расид

Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористӣ ба масҷиди Ар-Роуди нимҷазираи Синои Миср ба 305 нафар расид. Дар ин бора агентии иттилоотии «МЕНА» бо такя ба изҳороти Прокуратураи генералии Миср хабар дод.

Тибқи маълумоти Прокуратураи генералии Миср, шумораи террористон 30-35 нафарро ташкил медод, ки бо 5 мошин ба назди бинои масҷид омада, онро пеш аз ҳамла иҳота кардаанд. Гуфта мешавад, ки онҳо парчами гурӯҳи террористии «Давлати исломӣ»-ро (мамнӯъ дар Тоҷикистон) дар даст доштанд.

Прокуратураҳои генералии Тоҷикистону Беларус Барномаи ҳамкорӣ барои солҳои 2018-2019-ро ба имзо расониданд

Прокуророни генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон ва Ҷумҳурии Беларус Александр Конюк барномаи ҳамкорӣ байни прокуратураҳои ҳарду ҷониб барои солҳои 2018-2019-ро бо нишон додани тадбирҳои мушаххаси муштарак  ба  имзо  расониданд.

Парлумон барои воридоти таҷҳизот ҷиҳати татбиқи лоиҳаи низоми пардохти электронии роҳкиро сабукӣ медиҳад

Вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон рӯзҳои наздик ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2017»  илова ворид менамоянд.

Страницы