Хабар

М.Хидирзода: «Фаъолияти занони Хатлон дар ҳамаи бахшҳо назаррас аст»

Дар  шаҳри Қӯрғонтеппа ҷаласаи  навбатии  Шӯрои  занони  назди  Раёсати кор  бо  занон  ва  оилаи  мақомоти  иҷроияи  ҳокимияти давлатии  вилояти   Хатлон  баргузор  гардид.  Дар он аъзои  Шӯро  маърӯзаи  муовини   сардори  Раёсати кор  бо  занон  ва  оилаи  мақомоти  иҷроияи  ҳокимияти давлатии  вилояти   Хатлонро  шунида,  муҳокима намуданд.

Имрӯз дар баландкӯҳҳои Тоҷикистон боридани барф дар назар аст

Обуҳавошиносон имрӯз дар вилояти Суғд ҳавои абрноки бебориш, нимаи дуюми рӯз дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат ва дар баландии 2500 метр боридани барфро пешгӯӣ менамоянд. Шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 1-6 дараҷа ва рӯзона 2-7 дараҷа гарм мешавад.

Фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ФАРМОИШ

аз 28 ноябри соли 2017 №77-ф
ш. Душанбе

 

Мутобиқи моддаи 32 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» ба Давлатзода Нусратулло — Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Абдуфатоҳи Ғоиб — Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар ба таври дахлдор иҷро накардани вазифаҳои хизматиашон танбеҳ дода шавад.

Страницы