Имрӯз дар бештари ноҳияҳои Тоҷикистон ҳавои офтобӣ дар назар аст

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз, 28 декабр дар баъзе ноҳияҳо шиддатёбии вазиши шамол аз самти шарқ ба мушоҳида расида, то 20-22 метр дар як сония мевазад. Дар бештари ноҳияҳо ҳавои офтобӣ дар назар аст.

Тибқи иттилои обуҳавошиносон, имрӯз дар вилояти Суғд ҳавои офтобӣ пешбинӣ шуда, туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ 3-8 метр ва дар баъзе ноҳияҳо то 17-22 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 1-6 ва рӯзона 5 дараҷа сард мешавад.

Ба иттилои манбаъ, имрӯз, 28 декабр дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Дар ғарби вилоят ҳаво шабона 8-13 ва рӯзона 3-8 дараҷа хунук мешавад. Дар шарқи ин вилоят ҳаво шабона 16-21  ва рӯзона 13-18 дараҷа сард мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳаво офтобӣ гашта, туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 2-3 ва рӯзона 10-15 дараҷа сард мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ  ҳаво тағйирёбандаи камабр шуда, шамол аз самти шарқ 3-8  метр дар як сония мевазад. Ҳарорат дар водиҳо шабона 3-2 ва  рӯзона 10-15 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои офтобӣ пешбинӣ шуда, шамол аз самти шарқ 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 2-4 дараҷа хунук ва рӯзона 11-13 дараҷа гарм мешавад.