Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар рейтинги нави ФИФА як зина боло шуд
Опубликовано чт, 07/06/2018 - 17:24 пользователем tvtИмрӯз, 7 июни соли 2018 Федератсияи байналмилалии футбол рӯйхат ё худ раддабандии нави дастаҳои мунтахабро нашр намуд. Дар ин рейтинг дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон як зина боло рафта, дар мақоми 119-ум ҷой гирифт.
Тавре аз Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ доданд, ҳоло дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон бо касби 264 хол дар зинаи 119-ум қарор дорад.
Дастаи мунтахаби футболи Германия бо касби 1558 имтиёз садрнишини ҷадвал мебошад.