Прокуратураи Суғд 75 нафарро барои вайрон намудани қонун дар бораи танзим ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидааст

Прокуратураи вилояти Суғд дар шашмоҳаи аввали соли равон зимни санҷиши иҷрои қонунгузорӣ дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо 75 нафар сокинони вилоятро барои вайрон намудани талаботҳои қонуни мазкур ба ҷавобгарии маъмурӣ, 105 нафарро ба ҷавобгарии интизомӣ кашида, унвонии мақомоту комиссияҳои дахлдори шаҳру ноҳияҳои вилоят 79 пешниҳод ва 41 амр баровардаст. Ин нуқта 20 июли соли равон зимни баргузории нишасти матбуотӣ  аз ҷониби прокурори вилояти Суғд Ҳабибуло Воҳидов зикр гардид. 

Ба иттилои хабарнигори АМИТ «Ховар», инчунин дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби прокуратураи вилоят дар самти назорати иҷрои қонунгузории замин 192 парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, 3 883,43 га қитъаи замини худсарона ишғолгардида ба ҳолати аввала баргардонида шуд. Нисбати 111 адад қарорҳои раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят вобаста ба ҷудо кардани қитъаи замин эътироз оварда шудааст.

Дар ин замина дар ҳамоҳангӣ бо мақомоти дигари ҳифзи ҳуқуқи вилоят ҷиҳати ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва бозори дохилӣ, мубориза бо қочоқи молу маҳсулоти пастсифат 533,5 тонна молу маҳсулоти пастсифат ва 57,8 литр сӯзишвории нақлиётӣ ба маблағи 3,3 млн. сомонӣ мусодира гардидааст.

Ҳамзамон, прокурори Суғд вобаста  ба вазъи ҷинояткорӣ зикр кард, ки дар 6 моҳи соли равон дар миқёси вилоят ҳамагӣ 3 ҳазору 398 ҷиноят бақайд гирифта шудааст, ки он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 41 адад зиёд буда, кушодании ҷиноятҳо 90,56 фоизро ташкил додааст.

АМИТ «Ховар»