Барои напардохтани алимент парвандаи 35 нафар мардон ба Прократураи ноҳияи Рӯдакӣ пешниҳод шуд

Соли равон иҷрочиёни суди Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯдакӣ аз  1 ҳазору 476 адад санадҳои судии ба истеҳсолот ворид гардида, 1 ҳазору 253 ададашро ба таври воқеӣ ба иҷро расонидаанд. Дар ин бора иҷрочии калони суди ноҳияи Рӯдакӣ Додарбек Қурбонов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар дод.

Санадҳои  ворид гардидае, ки  мавриди иҷро қарор гирифтааст,  383 адад барои руйёнидани алимент, 442 адад ситонидани ҷарима, 40 адад маскун намудани занон ва  161 адад барои ситонидани боҷи давлатӣ мебошад.

Ҳамчунин Додарбек Қурбонов зикр кард, ки мушкилоти асосии иҷро намудани санадҳои судӣ ин маскун намудани занон ва  саркаши намудани мардон аз пардохт намудани алименти фарзандонашон мебошад. Аз ин сабаб дар асоси моддаи 177 Кодекси Ҷиноятии  Ҷумҳурии Тоҷикистон 35 нафар мардонро бинобар сабаби саркаши намудан аз пардохти алимент ба Прократураи ноҳияи Рӯдакӣ  пешниҳод намудем.

АМИТ «Ховар»