Хабар

Мавсими оббозӣ ҳушёрӣ ва эҳтиёткорӣ талаб менамояд

 Бо оғози мавсими оббозӣ Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрвандон ва меҳмонони мамлакатро ба ҳушёрӣ ва эҳтиёткорӣ даъват менамояд.

Дар Суғд беш аз 1000 лагери беруназшаҳриву наздимактабӣ фаъол гардидаанд

Дар вилояти Суғд ҷиҳати омодагӣ ва ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасони вилоят дар соли 2018 ситоди махсуси «Тобистон — 2018» таъсис дода шуд. Ҳадафи он тақвият бахшидан ба ҷараёни фарогирии мактабиён ба фароғати фаъол дар давраи таътили тобистона мебошад.

Пас аз гармиҳои тоқатфарсо пастшавии ҳарорат дар назар аст

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз низ дар ҷумҳурӣ ҳавои гарм боқӣ монда, шурӯъ аз 8 то 11 июн дар ҷумҳурӣ ҳарорати ҳаво 2-3 дараҷа  паст мешавад. Дар бештари ноҳияҳо боридани борон ва ба амал омадани раъду барқ дар назар аст.

Страницы