Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ корхонаи истеҳсоли мебелро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Опубликовано чт, 17/08/2023 - 11:02 пользователем tvt17 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ коргоҳи истеҳсоли мебелро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо намоиши маҳсулоти ин корхона шинос шуданд.
Иншооти мазкур дар доираи нақшаҳои ҷашнӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар масоҳати умумии 500 метри мураббаъ бо дарназардошти талаботи замони муосир бунёд шудааст.