Гуфтушунид оид ба делимитатсия ва демаркатсияи Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон

Аз 7 то 16 феврали соли 2018 дар шаҳри Ҷиззахи Ҷумҳурии Ӯзбекистон вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба масъалаҳои делимитатсия ва демаркатсияи Сарҳади давлатии Тоҷикистону Ӯзбекистон баргузор гардид.

Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, зимни музокирот, ки дар пешомади вохӯрии сатҳи олии Тоҷикистону Ӯзбекистон доир гардид, ҷонибҳо муайянсозии гузариши хати сарҳади давлатиро дар қитъаҳои боқимондаи он идома доданд.

Вохӯрӣ дар фазои дӯстона ва якдигарфаҳмӣ гузашта, аз натиҷаи вохӯрӣ Протокол ба имзо расид.

АМИТ "Ховар"