«ТОҶИКИСТОН-2017»: дар намоишгоҳ-ярмаркаи байналмилалии универсалӣ дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намоиш гузошта мешаванд

Нимаи дуюми моҳи ноябр дар маҷмааи давлатии «Кохи Борбад»-и Душанбе  бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  намоишгоҳ-ярмаркаи  байналмилалии  универсиалии «Тоҷикистон-2017» баргузор мегардад.

Тавре аз Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар намоишгоҳ  доираҳои тиҷоратӣ ва соҳибкорони ватанию хориҷӣ ширкат менамоянд.

Ҳадафи баргузории намоишгоҳ-ярмаркаи байналмилалии универсиалии «Тоҷикистон-2017»  дастгирии  соҳибкорони ватанӣ ва таҳкими ҳамкории  иқтисодию тиҷоратӣ бо доираҳои тиҷоратии кишварҳои хориҷӣ  мебошад. Интизор меравад, ки дар намоишгоҳ дастовардҳои  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бахшҳои энергетика, саноати кӯҳӣ, мошинсозӣ, саноати кимиёвӣ, туризм, технологияҳои бонкӣ, нақлиёту логистика ва  таҷҳизот оид ба коркарди пахта ба намоиш гузошта шаванд.

Ҳамзамон дар доираи намоишгоҳи байналмилалии «Тоҷикистон-2017» ҳамоиши доираҳои тиҷоратӣ баргузор мешавад.

АМИТ «Ховар»