Дар конференсияи байналмилалӣ саҳми созгори Эмомалӣ Раҳмон дар ҳокимияти судӣ, ки дар заминаи меъёрҳои конститутсионӣ ба миён омадааст, таъкид гардид

«Модернизатсияи ҷомеа ва давлат тибқи муқар­рароти консти­тут­сионӣ: таҷрибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон»-таҳти чунин мавзӯъ  раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷи­кис­тон Маҳкам Маҳмудзода дар конференсияи байналмилалии «Нақш ва аҳамияти Конститутсия дар эъмори давлати демок­ратию ҳуқуқбунёд», ки ҳафтаи гузашта дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон доир гардид, маърӯза намуда, оид ба саҳми созгори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳ­кими давлати демократию ҳуқуқбунёд, қабули Конститут­сияи мамлакат, инчунин ама­ли­шавии ислоҳоти мухталифи созанда дар соҳаи ҳуқуқ ва ҳокимияти судӣ, ки дар заминаи меъёрҳои конститутсионӣ ба миён омадаанд, ба ҳозирин маълумот дод.

Ба иттилои манбаъ, ҳамчунин раиси Суди конститутсионӣ М. Маҳмудзода зимни маъ­рӯза доир ба нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди дав­лати муосир, ташаккули мақоми байналмилалии кишвар, низо­ми қонунгу­зорӣ, ҷомеаи шаҳрван­дӣ ва амалишавии принсипи таҷзияи ҳокимият изҳори назар намуда, аҳамияти муқаррароти конститутсиониро дар такми­ли бомароми ҷомеа ва давлат муҳиму назаррас арзёбӣ намудааст.

“Дар кори конференсия мавзӯъҳои мухталифи марбут ба нақш ва аҳамияти Конститутсия дар таҳкими давлати демократию ҳуқуқбунёд, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ, парламентаризм, ташаккули асосҳои конститутсионӣ-ҳуқуқии сиёсати хориҷӣ дар заминаи ислоҳоти демократӣ, масъалаҳои конститутсионализм, раванди конститут­сионии мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, нақши судҳои конститут­сионӣ ва институтҳои муодил дар таъмини волоияти Конститутсия дар давлатҳои алоҳида ва дигар мав­зӯъҳои мубрами соҳаи ҳуқуқ мавриди муҳокима  қарор дода шуданд”,-илова намуд Д. Ҳошимзода.

Ин ҳамоиши сатҳи байналмилалӣ бо ташаб­буси Суди консти­тут­сионии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба муносибати 25-умин солгарди Конститутсияи ин кишвар доир гардида, дар кори он намоян­дагони мақомоти назо­рати консти­­тут­­сионӣ ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, аз қабили намоян­да­гони ҷумҳуриҳои Арманистон, Индонезия, Қазоқистон, Қирғизистон, Кореяи Ҷанубӣ, Федератсияи Россия, Туркия ва намояндагони мақомоти ҳоки­мияти давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон иштирок наму­данд.

Номбурда ҳамзамон зикр кард, ки дар доираи сафари корӣ ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо раисони судҳои конститутсио­нии ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Туркия, Индонезия, намоянда­гони мақомоти назорати конститутсионии Федератсияи Россия ва дигар киш­вар­ҳои ҷаҳон вохӯрӣ намуда, масъалаҳои марбут ба таҳкими ҳамко­рии судманди тарафайнро баррасӣ намудааст.

Аз ҷумла, бо раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Ӯзбекис­тон аз раванди муносибатҳои рушдёбандаи байнидавлатӣ, ки бо шарофати сиёсати созандаи пешгирифтаи роҳбарияти олии сиёсии ду кишвар дар ҳоли рушду густариш қарор доранд, изҳори қаноатмандӣ карда шуд. “Дар ин замина зикр гардид, ки бо мақсади таҳкими ҳамкории судманд байни судҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба имзо расонидани Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ муҳим мебошад”,-гуфт Д. Ҳошимзода.

АМИТ "Ховар"