Дар Душанбе боз 90 майдони варзишӣ ва гулгаштҳои нав бунёд мешаванд

Имсол танҳо дар шаҳри Душанбе 75 майдону марказҳои хурду бузурги варзишӣ бунёд гардида, дар аксари гулгаштҳо ва боғҳои фароғату истироҳат ҷойҳои алоҳидаи машқу тамрин сохта шуданд, ки ин ҳама ба оммавигардонии варзиш ва ташвиқи тарзи ҳаёти солим дар байни наврасону ҷавонон мусоидат менамояд. Ин суханон 22 декабр зимни  пешниҳоди Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо доданд.

Пешвои миллат ҳамчунин  иброз доштанд, ки «роҳбарияти шаҳри Душанбе иловатан тасмим гирифтааст, ки соли 2018 дар пойтахти мамлакат барои наврасону ҷавонон боз 90 адад майдонҳои варзишӣ ва гулгаштҳои нав сохта, то ҷашни истиқлолият ба истифода супорад».

АМИТ "Ховар"