Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков мулоқот намуд

Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода мулоқот намуд.

Дар мулоқот доир ба густариши ҳамкории дуҷонибаи байниҳукуматӣ  дар соҳаҳои  иқтисоду тиҷорат, энергетика, роҳу нақлиёт, илму фарҳанг  ва дигар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ табодули  афкори судманд сурат гирифт.

Аз имзои санадҳои нави ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Қирғизистон дар  соҳаҳои гуногун, ки ба рушду тавсеаи бештари муносибатҳои байниҳукуматӣ замина мегузоранд, бо хушнудӣ истиқбол карда шуд.

Ҳарду ҷониб барои рушду тавсеи ҳамкории байниҳукуматӣ дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ  ва ба манфиати мардумони ҳар ду давлат изҳори омодагию ҳавасмандӣ намуданд.