Сафари ҳайати Олий Маҷлиси Ӯзбекистон дар Тоҷикистон идома дорад

Дар Тоҷикистон сафари ҳайати Сенат ва Палатаи қонунгузории Олий Мажлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон таҳти роҳбарии муовини раиси Палатаи қонунгузории Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон Улуғбек Иноятов — роҳбари гурӯҳи ҳамкории байнипарлумонӣ бо Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дорад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба  Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

21 сентябр ҳайати Олий Маҷлиси Ӯзбекистонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба ҳузур пазируфт. Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои мубрам ва дурнамои ҳамкории мақомоти қонунгузории ду давлат муҳокима шуданд.

Дар доираи сафар, 21 сентябр инчунин ҷаласаи гурӯҳи дӯстии байнипарлумонӣ баргузор гардид ва дар ҷараёни он ҳайатҳои вакилони парлумонҳои ду давлат масоили татбиқи муқаррароти Созишномаро, ки байни Палатаи қонунгузории Олий Маҷлиси Ӯзбекистон ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон дар соли 2019 тасвиб шуда буд, баррасӣ ва самтҳои ояндадори ҳамкории мутақобилаи байнипарлумониро муайян карданд. Дар арафаи ҷаласаи Гурӯҳи дӯстии ҳайати вакилони парлумони Ӯзбекистонро Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ба ҳузур пазируфт.

Имрӯз, 22 сентябр ҳайати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз шаҳри Турсунзода боздид хоҳад кард.

2 сентябри соли 2020 бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон бо Палатаи қонунгузории Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон ташкил шуда буд. Роҳбари гурӯҳ Дилрабо Мансурӣ, муовини раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистони Тоҷикистон мебошад.

Ёдовар мешавем, ки бо мақсади татбиқи мувофиқаҳои дар сатҳи олӣ ҳосилшуда 18-19 сентябри соли 2020 ҳайати намояндагии Ҷумҳурии Ӯзбекистон таҳти роҳбарии муовини якуми вазири сармоягузорӣ ва савдои хориҷӣ Лазиз Қудратов ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварда буд.

Дар ҳайати Ӯзбекистони дӯст роҳбарони вазорату идораҳо, ҳукуматҳои вилоятҳо ва шаҳри Тошканд, палатаи савдо ва саноат ва доираҳои тиҷоратӣ бо теъдоди 165 нафар шомил буданд.

Дар ҷараёни сафар бо мақсади ташаккули бастаи созишномаҳои нави сармоягузорӣ ва шартномаҳои тиҷоратӣ бо вазорату идораҳо, Палатаи савдо ва саноат ва намояндагони соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла дар формати B2B (тиҷорат барои тиҷорат) гуфтушунидҳои муфассал сурат гирифтанд.

Ҳайатҳои ду давлат инчунин омодасозии ҳамоиши тиҷоратии Тоҷикистон ва Ӯзбекистонро, ки 29 сентябри соли 2020 дар шаҳри Душанбе ба нақша гирифта шудааст, баррасӣ карданд.

АМИТ «Ховар»