Тақдими мукофотҳои Бунёдгузори НБО «Роғун» муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба 22 ҳазор коргари иншооти аср

Саҳм гузоштан дар бунёди иншооти муҳиму тақдирсоз — Неругоҳи барқи обии “Роғун”, ки онро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Кохи нури Тоҷикистон” ва “ҳаёту мамоти мардуми тоҷик” номида буданд, барои ҳар як фарди дилогоҳ шараф аст.

Аз рӯзҳои аввали оғози корҳои сохтмонӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати кор, шароити коргарон таваҷҷуҳи махсус зоҳир мекарданд ва сари ҳар чанд вақт шахсан бо рафти корҳои қитъаҳои сохтмонии неругоҳ аз наздик шинос мешуданд.

Заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои миллат ва неруи бузурги муттаҳиди коргарону мутахассисони тоҷик самараи нек ба бор овард ва инак дар муҳлатҳои муайяншуда агрегати аввали Неругоҳи барқи обии “Роғун” ба фаъолият оғоз мекунад.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми арзандаи ҳар як нафар коргарону роҳбарони неругоҳро дар арафаи идҳои умумимиллӣ ва давлатӣ бо мукофотҳо, аз ҷумла ордену медалҳо, ифтихорномаҳо ва унвонҳои дигари давлатӣ қадр кардаанд. Ин навбат низ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷмӯъ ба 22 000 нафар, ки аз рӯзҳои нахустини кор дар неругоҳ то имрӯз дар майдони нангу номус фаъолият кардаанд, туҳфаҳои арзандаву хотиравӣ тақдим намуданд.

Тӯҳфаҳоро аз номи Сарвари давлат Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаи кадрҳо Асадулло Раҳмон ба коргарон тақдим карданд.

Зимни супоридани туҳфаҳои хотиравӣ Сарвазири мамлакат таъкид дошт, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳнати софдилонаю содиқона ва созандаи коргарон, намояндагони ширкатҳои сохтмониро дар ҷабҳаи нангу номус ҳамаҷониба қадр мекунанд.

Натиҷаи татбиқи амалии дастуру ҳидоятҳои раҳнамунсози Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иҷрои саривақтии нақшаи корҳо буд, ки мардум ба рӯзи нек расиданд. Талошҳои пайвастаи коргарон дар Неругоҳи барқи обии “Роғун” қадамҳои устуворе барои расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон — истиқлолияти комили энергетикии кишвар мебошад.

Баъди супоридани туҳфаҳои рамзӣ ба сохтмончиён дар идомаи тадбирҳои бунёдкорӣ барои ба истифода додани агрегатҳои дигари неругоҳ барору комёбӣ орзу карда шуд.

Дар ин рӯз аз номи роҳбарияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба 50 нафар аъзои ҳизб, коргарони Ҷамъияти Саҳомии Кушодаи Неругоҳи Барқи Обии “Роғун” ифтихорномаҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва соатҳои дастӣ тақдим карда шуд.

Маросими супоридани туҳфаҳои хотиравӣ — соатҳои рамзӣ ба коргарон дар минтақаҳои гуногуни маҳалли сохтмони Неругоҳи барқи обии “Роғун” низ сурат гирифта, мушовирони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон онро бевосита ба ҳар як нафар тақдим карданд.

Шодию нишоти коргарону сохтмончиёни неругоҳро ҳадду канор набуд, зеро онҳо бори дигар аз ғамхорию таваҷҷуҳи Пешвои хирадманду раъиятпарвари хеш бархурдор шуданд.

Мавриди зикр аст, ки туҳфаҳои арзандаи хотиравӣ — соатҳои дастӣ дар хориҷи мамлакат бо тарҳи хеле зебо ва бо навиштаҷоти “Аз бунёдгузори Неругоҳи Барқи Обии “Роғун” Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон” омода шуда, дар қисмати поёнӣ имзо ва дар тарафи дигар нишони давлатӣ — Рамзи давлатдорӣ намудор аст.

Акнун ҳар нафар корманде, ки дар бунёди иншооти аср саҳми муносиб гузоштаасту минбаъд низ барои ба истифода додани дигар агрегатҳои неругоҳ мегузоранд, бо ифтихор ин соатҳоро бо худ мегардонанд.  Хурду бузург арзиши ин туҳфаро хеле баланд арзёбӣ карданд, зеро ин соат аз як ҷониб таваҷҷуҳи Пешвои миллат ба заҳмати хурду бузурги ин арсаи кор бошад, аз ҷониби дигар соати расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва расидан ба оғози даврони боз ҳам фараҳбахшу пурнишот аст.

АМИТ "Ховар"