Зодаи Тоҷикистон Суҳроб Ҳоҷиматов муовини Намояндаи доимии Барномаи рушди СММ дар Қазоқистон таъйин гардид

ТВТ.16.08.2022. Зодаи Тоҷикистон Суҳроб Ҳоҷиматов муовини Намояндаи доимии Барномаи рушди СММ (БРСММ, UNDP) дар Қазоқистон таъйин гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба сомонаи БРСММ.

Гуфта мешавад, ки солҳои охир Ҳоҷиматов муовини раиси дафтари ин созмон дар Туркия ва роҳбари Барномаи рушди Созмони Милал дар Озарбойҷон буд.

Суҳроб Ҳоҷиматов беш аз 25 сол таҷрибаи кор дар масоили рушд ва раҳбарии лоиҳаҳо дар созмонҳои байналмилалӣ, муассисаҳои давлатӣ ва дар бахши хусусиро дорад.

Суҳроб Ҳоҷиматов риштаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хатм карда, баъдан дар Донишгоҳи умумирусиягии адлия дар шаҳри Маскав ва коллеҷи миллии додгоҳии Невадаи Амрико таҳсил кардааст.

Ӯ собиқаи кориашро ба ҳайси муфаттиш дар Додситонии кулли Тоҷикистон оғоз кард, вале хеле зуд ба созмонҳои байналмилалӣ гузашт. Суҳроб Ҳоҷиматов чандин сол дар мақомҳои раҳбарӣ дар тарҳҳои USAID (Агентии рушди байналмилалии Амрико) оид ба рушди ҳуқуқию иқтисодӣ дар Тоҷикистон кор кард ва сипас ба UNDP — Барномаи рушди Созмони Милал гузашт.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Tags: