Рустами Эмомалӣ бо дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон мулоқот намуд

Дар арафаи сафари дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон ба Чемпионати ҷаҳон-2019 мулоқоти Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо ситоди мураббиён ва ҳайати мунтахаби мамлакат дар «Кохи Наврӯз»-и шаҳри Душанбе  сурат гирифт. Пас аз гирифтани акси хотиравӣ бо ҳайати даста Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон бо онҳо суҳбати кушоду озод анҷом дод. Дар ин бора  АМИТ «Ховар»   бо истинод ба Федератсияи  футболи Тоҷикистон иттилоъ  медиҳад.  

«Тайи солҳои охир бо дастгирию ҳидоятҳои ҳамвораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон футбол дар Тоҷикистон ба таври бесобиқа рушду ривоҷ ёфт», – гуфт дар оғози суҳбат Рустами Эмомалӣ.

«Сокинони сарбаланди мамлакат аз насли навраси футболбоз умеди зиёд дошта, ба онҳо эътимод доранд. Қатъи назар аз рақиб шуморо мебояд бо боварӣ дар майдон тӯбронӣ карда, баҳри баланд бардоштани эътибору нуфузи футболи тоҷик дар арсаи байналмилалӣ ва парафшонии парчами миллии ҷумҳуриамон  талош варзед»,-иброз дошт Президенти ФФТ.

Сармураббии дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи тоҷик Зайниддин Раҳимов аз номи ситоди мураббиён ва шогирдонаш ба Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон ҷиҳати муҳайё сохтани шароити арзандаи тамрин ва иштирок дар мусобиқаҳои гуногуни байналмилалӣ изҳори сипос намуда, аз номи худ ва шогирдонаш ваъда дод, ки онҳо дар ин маъракаи бузурги ҷаҳонӣ бо тамоми неру ва иқтидори хеш баҳри бо сари баланд муаррифӣ кардани Тоҷикистон талош мекунанд.

Ёдовар  мешавем, ки дастаи мунтахаби   наврасони то 17-солаи футболи тоҷик  субҳи имрӯз, 17  октябр  тавассути хатсайри ҳавоии Душанбе-Истанбул-Сан Паулу ба Бразилия, ки мизбони 18-умин чемпионати ҷаҳон байни наврасон аст, сафар  кард.

Дар шаҳри Сан Паулу шогирдони Зайниддин Раҳимов як ҳафта ҷамъомади таълимиву тамринӣ гузаронида, сипас ба шаҳри Кариасика, ки макони баргузории ҳамаи бозиҳои даври гурӯҳии дастаи мунтахаби  Тоҷикистон бо ҳамтоёнаш аз Камерун, Испания ва Аргентина ба ҳисоб меравад, роҳсипор мегарданд. Чемпионати ҷаҳон 26 октябр шурӯъ шуда, то 17 ноябр дар шаҳрҳои Кариасика, Гояна ва Гамаи Бразилия идома меёбад.

 

АМИТ «Ховар»

Tags: