Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда шуда, дар водиҳо туман мефарояд

Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои абрнок шуда, дар водиҳо  боридани борону  барф  ва фаромадани туман  дар назар аст. 

Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрноки тағйирёбанда  шуда, боридани борону барф дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона -3+2, рӯзона  +7+12  ва дар шарқи ин вилоят шабона -7-12   ва рӯзона -1+4 дараҷа сард  мешавад.

Дар вилояти Суғд  ҳавои абрнок    шуда, дар қисми дуюми рӯз  дар  ноҳияҳои кӯҳӣ боридани борон ва барф   дар назар аст. Шамол аз самти ғарб 3-8  метр   дар як сония мевазад.  Ҳаво дар водиҳо шабона -2+7  ва рӯзона  9+14   дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои абрноки  тағйирёбанда  шуда, дар ноҳияҳои кӯҳӣ    боридани борон   дар назар аст.  Ҳаво дар водиҳо шабона 4+9 ва рӯзона +12+17   дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрнок шуда, дар ноҳияҳои кӯҳӣ  борон ва дар баландии 2000 м боридани барф  дар назар аст. Ҳарорат шабона 2+7  ва рӯзона  ба  13+18  дараҷа гармӣ мерасад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, ҳарорат  шабона +3+5  ва рӯзона +15+17  дараҷа мешавад.

АМИТ "Ховар"