Зиёда аз 46 ҳазор довталаб Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистонро интихоб кардаанд

Имсол тариқи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 46 ҳазору 568 нафар довталаб донишгоҳро интихоб намуданд, ки нисбат ба соли гузашта 6 ҳазору 268 нафар зиёд мебошад. Ин матлабро ректори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон (ДДМИТ) Шукрулло Хайрзода дирӯз зимни нишасти матбуотӣ, ки дар донишгоҳ баргузор шуд, иброз дошт.

Ш.Хайрзода таъсиси Шӯрои диссертатсионӣ барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (РhD), бо шарафёб гардидан ба 1 ҷойи аввал, ду ҷойи 2 ва се ҷойи 3 ва ду ҷойи ифтихорӣ дар сегонаи беҳтарин ҷо гирифтани донишгоҳ дар Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро аз дастовардҳои беназир хонд. Айни ҳол дар самти баланд бардоштани сатҳи сифати таълим ва мутобиқ намудани онҳо ба меъёрҳои байналмилалӣ, пурра гузаштан ба шакли электронии идоракунӣ, тақвияти корҳои илмию тадқиқотӣ корҳо идома доранд.

Инчунин ректор иброз дошт, ки сафи донишҷӯёни хориҷӣ зиёд шуда, айни ҳол дар донишгоҳ 280 донишҷӯи хориҷӣ аз Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Ӯзбекистон, Афғонистон ва Федератсияи Россия  таҳсил мекунанд.

Ба гуфти Ш.Хайрзода, соли 2019 донишкада бо 9 муассисаҳои таълимии олии хориҷи мамлакат шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонидааст.

Мавриди зикр аст, ки ДДМИТ барои омода намудани мутахассисони ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯ дорои 6 факултет, 1 шуъбаи омода намудани кадрҳои илмӣ — педагогӣ ва 27 кафедра (8 кафедраи умумидонишгоҳӣ, 19 кафедраи тахассусӣ) мебошад, ки  дар он  324 нафар омӯзгор, аз ҷумла 15  нафар доктори илм ва 124  нафар номзадҳои илм барои пешбурди фаъолияти  таълимию методӣ ҷалб карда шудаанд.

АМИТ«Ховар»

Tags: