5 июни равон дар қасри Хофбургишаҳри Вена таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷлоси навбатииФоруми ҳамкории амниятии САҲА (FSC), ки ба масъалаҳои марбут бататбиқи Қатъномаи Шӯрои амнияти СММ 1325 бахшида шуда буд,баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Зимни муаррифии мундариҷа ва муҳтавои ҷаласа Раиси FSC, Намояндаи доимии Ҷумҳарии Тоҷикистон дар САҲА Идибек Қаландар ба тамоюли мусбате, ки дар кишварҳои САҲА нисбат ба дарки нақши занон дар таҳкими бахши амният ва ҳамзамон аҳамияти ширкати онҳо дар раванди қабули қарорҳо сурат мегирад, ишора намуд. Таъкид шуд, ки ин амр дар асоси Консепсияи фарогири амниятии САҲА ва дигар асноди сиғавии сиёсии Созмон, ки ба мақсади мусоидат ба талошҳои кишварҳо дар татбиқи қатъномаи 1325-и Шӯрои амнияти СММ қабул шудаанд, амалӣ мешавад.
Иҷлоси мазкур, ки дар арафаи 20-умин солгарди қабули Қатъномаи 1325 баргузор гардид, ба ҳайатҳои доимии кишварҳои ширкаткунандаи САҲА барои мубодилаи донишу таҷриба дар тавсеаи ширкати занон дар бахши амният шароити мусоид фароҳам овард. Гузашта аз ин, дар ҳамоиш нақш ва мусоидати САҲА дар раванди роҳандозии ислоҳоте, ки дар кишварҳои ширкаткунандаи Созмон ба мақсади риояи хусусияти гендерӣ дар соҳаи амният, мудирияти давлат, низоми адлия ва ҷомеаи шаҳрвандӣ татбиқ мешаванд, мавриди муҳокима қарор дода шуд.
Қобили тазаккур аст, ки 23 июли соли 2014 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нахустин Нақшаи амалро роҷеъ ба татбиқи Қатъномаи 1325 барои солҳои 2014-2018 қабул кардааст. Дар Тоҷикистон 3 гурӯҳи кории ихтисосӣ (дар назди Кумитаи кор бо занон ва оила, Вазорати адлия ва Прокуратураи генералӣ) таъсис дода шудаанд, ки барои такмил додани қонунгузории гендерӣ дар соҳаҳои мушаххас масъул мебошанд. Интизор меравад, ки дар рӯзҳои наздик дуюмин Нақшаи миллии амал барои солҳои 2019-2022 бо дарназардошти таҷрибаи андӯхташуда ҳангоми татбиқи санадҳои қаблӣ омода ва қабул карда шавад.
АМИТ «Ховар»