Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Шариф Яфтали

Имрӯз дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Чумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин Сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Шариф Яфталиро ба ҳузур пазируфтанд.
Рушду тақвияти муносибатҳои гуногунҷанба бо кишвари бародари Афғонистон яке аз самтҳои авлавиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистон арзёбӣ шуд ва таъкид гардид, ки ҷониби Тоҷикистон пайваста хостори тақвияти ҳамкориҳои худ бо Афғонистон дар тамоми соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ мебошад.
Тавре таъкид гардид, Тоҷикистон ҳамеша омода аст, ки ҳамкории дуҷонибаро бо Афғонистон тавсеаи бештар бахшида, ба ҳамкории минбаъда дар доираи механизмҳои бисёрҷониба аҳамияти зарурӣ зоҳир намояд.
Таъсис додани низоми ҳамкории чорҷонибаи Чин, Покистон, Тоҷикистон ва Афғонистон аз тадбирҳои муҳим арзёбӣ гардид ва изҳори боварӣ карда шуд, ки ҳарчи зудтар амалӣ шудани ин ташаббус омили муҳими таҳкими раванди сулҳу субот дар Афғонистон мегардад.
Дар ҳамин замина ба талошҳои Тоҷикистон ҷиҳати ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи байналмилалӣ ба масъалаи таъмини амнияту суботи сартосари дар қаламрави Афғонистон баҳои баланд дода шуд.
Доир ба таҳкими ҳамкориҳои ҳарбиву техникии дуҷониба ва ҳамкориҳо дар дигар самтҳои амниятӣ низ фикру мулоҳизаҳои судманд баён гардида, иқдомҳои муштарак дар таҳкими ҳифзи сарҳадот, муборизаи беамон бар зидди шабакаҳои террористии байналмилалӣ, амалҳои ифротгароӣ ва қочоқи маводи мухаддир мувофиқи мақсад шуморида шуд.

Tags: