ТВТ. 05.07.2022. Интизор меравад, ки дар оянда Захирагоҳи (резервати) биосферии «Ромит» ба рӯйхати ЮНЕСКО ворид карда шавад. Муовини сардори Муассисаи давлатии «Ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшванда»-и Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Нуралӣ Саидов зимни боздиди намояндагони воситаҳои ахбори омма аз Захирагоҳи биосферии «Ромит», гуфт, ки алҳол масъалаи мазкур аз ҷониби коршиносони ин созмон мавриди омӯзиш қарор дорад.
Тавре директори Захирагоҳи биосферии «Ромит» Ҳамоиддин Маҳмудов ба экожурналистҳо гуфт, «соли 2016 бо мақсади афзоиши саршумори оҳуи бухороӣ дар Захирагоҳи биосферии Ромит дар масоҳати 10 гектар парваришгоҳ бунёд гардида, дар он 5 сар оҳӯи бухороӣ сар дода шуд. Дар ин муддат саршумори ин ҷонвар 33 адад зиёд гардид.
Мавриди зикр аст, ки то солҳои 90-уми асри 20 дар ин ҷо наздик ба 500 сар оҳии бухороӣ сукуннат дошт. Ҳамзамон дар оянда ташкили парваришгоҳи бузи пармашох ба нақша гирифта шудааст. Инчунин дар масоҳати 2 гектар парваришгоҳи кабкӣ дарӣ, ки паррандаи зебо ва хушилҳон аст, созмон дода шуд.
Дар он механизми парвариш ва зиёд намудани саршумори кабкӣ дарӣ ба роҳ монда шудааст.
Дар маҷмӯъ, дар Захирагоҳи «Ромит», ки дар минтақаи кӯҳии ҷангалзор воқеъ аст, 134 намуди парранда, аз ҷумла, булбул, саъба, момоҷурғотак, соч, мусича, тазарв, гунҷишки хонагӣ, кабк, кабки дарӣ, кабӯтар, бедона, бургут, мурғи ҳумо, сангодавак, товусаки биҳиштӣ ва чанд навъи зоғ мавҷуданд, ки 80 намуди онҳо парандаҳои муқимӣ буда, боқимонда дар фаслҳои муайян ба ин минтақа меоянд.
Захираи об дар дарёҳои Сардаи миёна ва Сорво, ки аз ду самти Захирагоҳи биосферии «Ромит» ҷорӣ мешаванд, имконият медиҳанд, ки дар онҳо шуғли варзиши обӣ ва моҳидорӣ бо риояи меъёрҳои муайян роҳандозӣ гардад. Дар доираи эълон гардидани солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар ҳудуди захирагоҳ хатсайрҳо, аз қабили кӯҳнавардӣ, дарёнавардӣ, аспсаворӣ, парваришгоҳҳои моҳиҳои нодир, бахусус гулмоҳӣ ташкил карда шуданд.
Захирагоҳи биосферии «Ромит» соли 1959 дар болооби дарёи Кофарниҳон ҳамчун мамнуъгоҳ дар масоҳати беш аз 16,2 гектар ташкил карда шуда, соли 2014 бо мақсади истифодаи самараноки захираҳои бои табиат он ба Захирагоҳи (резервати) биосфеорӣ табдил дода шуд.
Табиати Захирагоҳ аз мавзеъҳои зебои сабзпӯш иборат буда, дар қисмати ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор, байни ду шохоби пуртуғёни дарёи Кофарниҳон – Сорво ва Сардаи Миёна ва пасту баландиҳо ҷойгир аст. Олами гуногуни набототу ҳайвонот, ҷамоаҳо, популятсияҳо ва намудҳои нодиру камёфт, инчунин дар ҳолати муътадил қарор доштани мавзеъҳои ҷангалзор, чаманзори зебо ва намудҳои нодири растанӣ ва ҳайвонҳо хеле диққатҷалбкунанда аст.
Дар ин ҷо аз ҳайвонҳои ваҳшӣ -бабри барфӣ, хирси малла, хуки ёбоӣ, гург, рӯбоҳ ва дигар ҳайвонҳо сукуннат менамоянд.
Ҷамоаҳои зиёди дарахтӣ, буттагӣ, ки дар дигар қаламрави ҷумҳурӣ кам дучор меоянд ё тамоман вуҷуд надоранд дар Захирагоҳи «Ромит» муътадил сабзиш дошта, ба онҳо челонзор, фаркзор, ангатзор, беду булутзор ва бодомзору чормағззор мансубанд.
Ҷамоаи бодомзору чормағззор омили муҳими мавҷудияти Захирагоҳ мебошад. Вазифаи асосии Резерват дар ҳолати табиӣ нигоҳ доштани аксарияти қисмҳои тибиат ва пурра кардани баъзе ҷамоаҳо, барқарор ва ҳифзи онҳо аст.
Алҳол дар дохили Захирагоҳи биосферии «Ромит» 5 деҳа мавҷуд буда, парвариши чорво дар он дар доираи қонун танзим мегардад. Вобаста ба шароити зисти олами ҳайвонот ҳудуди Захирагоҳи «Ромит» ба 3 минтақа -даштҳои куҳӣ, ҷангалзорҳо ва баландкўҳҳо тақсим мешавад, ки аз ҳамдигар бо хусусиятҳои ба худ хос фарқ мекунанд.
Захирагоҳи биосферии Ромит дорои табиати нотакрор ва гиёҳҳои шифобахши табиӣ ва хӯрданбоб буда, тавассути сокинон парвариши он сол аз сол зиёд карда мешавад.
Ҳамоиддин Маҳмудов илова кард, ки меваҳои кӯҳӣ барои қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти кормандони Захирагоҳи биосферии «Ромит», ки беш аз 30 нафарро ташкил медиҳад, тақсим мегардад.
Дар сатҳи муътадил дар кӯҳу кӯҳпораҳо намудҳои зиёди растаниҳои шифобахшу ғизоӣ, аз қабили сеалаф, чукрӣ, модел, рошак, шибитак, каровшак, торон, сунбул, зира, чойкаҳак, савсан, холмон, намудҳои гуногуни пиёз дар маҷмӯъ 197 намуди гиёҳҳои шифобахш мерӯяд. Инчунин дар ин ҷо бештар дарахти бодом, навъҳои гуногуни олуча, себ, бед, хуч, арча хуб наъшунамо менамоянд.
«Масоҳати калони Захирагоҳро то баландии 2800 метр дарёву адирҳо, ҷамоаҳои туту гелос, себу биҳӣ, зардолую олуи ёбоӣ ишғол карда, инчунин растаниҳои доруворӣ, аз чумла, пудина, кифгули калон, тугмагул, зардкаҳак, сапали шутур, мураккабгул, ишим, камол низ кам нестанд.
Зарфи солҳои охир дар Захирагоҳи биосферии «Ромит» дар масоҳати 60 гектар ҷангалзор ташкил карда шуда, дар он 100 ҳазор дарахтони мевадиҳандаю сояафкан шинонида шудаанд. Танҳо соли гузашта 3500 бех ниҳоли чормағз, ки хоси иқлими ин минтақа аст, шинонида шуд», -илова намуд Ҳамоиддин Маҳмудов.
Захирагоҳи биосферии «Ромит» дар баландии 1176 ва 3700 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир буда, иқлимаш континенталӣ ва дорои чор фасли сол аст, мегӯяд Наҷмиддини Наҷмиддин корманди Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҶТ.
Мавсуф тазаккур дод, ки дар моҳҳои июн — август ҳарорати ҳаво дар ин ҷо то 38 дараҷа гарм ва дар мавсими –зимистон то 30 дараҷа сардӣ мушоҳида мегардад.
«Барои анҷоми корҳои биотехникӣ ва захираи ғизо барои ҳайвоноти дар Захирагоҳ сукуннатдошта, дар фасли сармо заминҳои корам ва хоҷагиҳои ёрирасон ба аҳолӣ вобаста гардидааст», — гуфт Ҳамоиддин Маҳмудов ва илова кард, ки агар аҳолӣ сад дарза алаф даравад, аз он 30 дарзаашро барои захира дар фасли сармо ба Захирагоҳ месупорад.
Инчунин дар хоҷагиҳои ёрирасон картошка, сабзӣ карам ва дигар намудҳои сабзавоту зироат кишт гардидааст, ки дар мавсими зимистон ҳамчун хӯрока барои аз зимистон солим баровардани ҳайвоноти ёбоӣ истифода мегардад.
Захирагоҳи биосферии «Ромит» на танҳо бо олами бои набототу ҳайвоноташ маъмул аст, балки яке аз минтақаҳои сайёҳии кишварамон буда, бо зебоиҳову манзараҳои нотакрори худ қалби сайёҳону меҳмононро тасхир намудааст.
Бунёди инфрасохтори замонавии сайёҳӣ ва ташкили сатҳи баланди хизматрасонӣ дар ин гӯшаи табиати зебову муъҷизаосои кишварамон ба рушди соҳаи сайёҳӣ, хусусан ҷалби сайёҳони хориҷӣ мусоидат менамояд.
Манбаъ: АМИТ «Ховар