Дар Женева бо мақсади тарғибу ташвиқи фарҳанги тоҷикон барномаи фарҳангӣ ҷараён дорад

Шурӯъ аз 16 ноябр дар шаҳри Женеваи Конфедератсияи Швейтсария ҳамоиш оид ба баррасии мутобиқсозии қонунгузории миллии ҳуқуқи муаллиф бо меъёрҳои Созмони байналмилалии ҳуқуқи муаллиф ва барномаи  фарҳангӣ бо мақсади тарғибу ташвиқи фарҳанги мардуми тоҷик ҷараён дорад.

Тавре аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар ҳамоиши  мазкур ҳайати Тоҷикистон бо роҳбарии муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Давлатзода иштирок дорад.

Ҳамчунин ба ҳамоиш сардори шуъбаи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобастаи Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ ва аъзои Иттифоқи ҳунармандони Тоҷикистон ба Женева сафар кардаанд.

Муовини Вазири фарҳанг Музаффар Давлатзода дар ифтитоҳи ҳамоиши мазкур сухан гуфта, паёми роҳбарияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳангро ба Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ ва роҳбари он Франсис Гарри расонид.

Дар ҳамоиш намоиши ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили масолеҳи заргарӣ, сангтарошӣ, кандакорӣ, чӯбтарошӣ, кордсозӣ, либоси миллӣ, хӯрок ва рақсу суруди миллӣ манзури сокинон ва меҳмонони шаҳри Женева гардид.

Меҳмонони ҳамоиш аз гуногунрангӣ ва зебоии ҳунарҳои мардумии тоҷик баҳра бурда, ба кори ҳунармандон ва маҳорати санъаткорони тоҷик, дар маҷмӯъ ба фарҳанги тоҷик, ки ҳамаи онҳоро мафтун кардааст, баҳои баланд доданд.

Ёдовар мешавем, ки барномаи мазкур то 21 ноябр идома меёбад.

АМИТ «Ховар»

Tags: