Зафаробод: Захираи 282 тонна ангишт барои давраи зимистон

Баҳри иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2016-2017» дар муассисаҳои таълимии ноҳияи Зафаробод захиракунии маводи сӯхт ба анҷом расид.
Бино ба иттилои Номӣ Муҳиддинов, сармутахассиси Хадамоти назорат дар соҳаи маорифи ноҳияи Зафаробод дар мавсими зимистонгузаронии имсола мувофиқи эҳтиёҷоти муассисаҳои таълимии ноҳия, бо назардошти 40,5 тонна бақияи ангишти соли гузашта талаботи муассисаҳои таълимии ноҳия дар ҳаҷми 280 тонна ангишт ва 210 метри мукааб ҳезум муайян шудааст.
Бояд гуфт, ки то имрўз дар муассисаҳои таълимии ноҳия 282 тонна ангишт ва 210 метри мукааб ҳезум захира карда шудааст.

АМИТ «Ховар»

Tags: