Бо иштироки намояндагони ширкатҳои бонуфузи «SONY», «VIZRT» ва «ICSC» дар Муассисаи давлатии «Академияи ВАО-и Тоҷикистон» барои кормандони бахшҳои техникии шабакаҳои телевизионӣ ва радиоии кишвар ҳамоиш баргузор гардид.
Зимни ҳамоиш намояндагони ширкатҳои мазкур роҳбарону ҳайати техникии радиою телевизионро бо технологияҳои муосири бахши телевизион ва радио шинос карданд. Вячеслав Кмочнико, намояндаи ширкати «SONY», яке аз истеҳсолкунандагони дар ҷаҳон пешсафи таҷҳизоти муосири телевизионӣ, ба иштирокчиёни чорабинӣ дар бораи дастовардҳои навтарини ширкат сухан гуфта, технологияҳои ҷадидро, ки бевосита ба соҳаи телевизиону радио ва кинематография марбутанд, муаррифӣ кард. Ҳамзамон Алексей Исаев, намояндаи ширкати «VIZRT», ки истеҳсолкунандаи дастгоҳи ЗD графика ва Real Time мебошад, таҷҳизоти ин ширкати машҳурро муаррифӣ намуд.
Сабоҳат Мамадасанова, сардори шуъбаи нашри Академияи ВАО-и Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки ҳамзамон намояндагони ширкатҳои бонуфузи «SONY», «VIZRT» ва «ICSC» барои кормандони фаннии шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон курси махсус оид ба истифодаи босамар аз технологияҳои навтарини технологӣ ҷиҳати беҳтар намудани сифати пахши барномаҳоро гузарониданд.
Бояд тазаккур дод, ки Муассисаи давлатии «Академияи ВАО-и Тоҷикистон» соле қабл таъсис ёфта, рисолаташ бозомӯзии кормандони соҳаи ВАО мебошад
АМИТ "Ховар"